Суръати баланди зиёдшавии бақияи умумии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар нахустин моҳи соли ҷорӣ баръало ба назар мерасад. Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи январи соли равон 9 492,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,0 фоиз афзуд.
Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 39,3 фоиз ё 3 726,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,7 фоиз ё 5 765,6 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи сипаришуда бо пули миллӣ 16,90 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,61 фоизи солонаро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ