07.04.2016
БМТ мутахассисони касбӣ ва варзидаро ба озмуни вазифаҳои холӣ даъват менамояд
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин ОЗМУН эълон менамояд:
Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор
I
Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (Ms Office ҳатмист);
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
• қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ;
• малакаи кор бо барномаҳои ҳисоббаробаркунӣ (SWIFT, CFT, Rs-Bank ва ғайра);
• донистани тарзи омода намудани супоришномаҳои пардохтӣ, ҷадвалҳои таҳлилии ҳамарӯза ва дигар ҳисоботҳои оморӣ;
• доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол.
II
Мутахассиси пешбари Шуъбаи сиёсати асъор (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (Ms Office ҳатмист);
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• маҳорати баланди суханронӣ ва ифодаи баён;
• донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оиди танзим ва назорати асъор;
• доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ.
III
Мутахассиси пешбари Шуъбаи амалиётҳои байналмилалӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (Ms Office ҳатмист)
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
• қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ ва фикрронии стратегӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• маҳорати баланди суханронӣ ва ифодаи баён;
• донистани амалиётҳои асъорӣ (spot, swap, forward, overnight, depo, banknote) дар бозори байналмилалӣ (Forex);
• малакаи кор бо платформаҳои байналмилалӣ (Bloomberg, Thomson Reuters ва ғайра);
• доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалиятнок аст.
Департаменти аудити дохилӣ
IV
Аудитори дараҷаи III Шуъбаи аудити амалиёти бонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ, муҳандисӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба сохтмон;
• донистани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи сохтмон;
• донистани стандартҳои муосир ва меъёрҳои техникии соҳаи сохтмон;
• малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - ҳатмӣ;
• донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ;
• доштани таҷрибаи кории 3-сола дар соҳаи сохтмон;
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
V
Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
• қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ (ба маҳорати эконометрикӣ афзалият дода мешавад) ва фикрронии стратегӣ;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (Excel ҳатмист)
• малакаи кор бо барномаҳои эконометрикӣ (E-views ва Matlab)
• донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалиятнок аст.
VI
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
• қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ (ба маҳорати эконометрикӣ афзалият дода мешавад) ва фикрронии стратегӣ;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (Excel ҳатмист)
• малакаи кор бо барномаҳои эконометрикӣ (E-views ва Matlab)
• донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалиятнок аст.
VII
Мутахассиси пешбари шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
• қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ (ба маҳорати эконометрикӣ афзалият дода мешавад) ва фикрронии стратегӣ;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (Excel ҳатмист)
• малакаи кор бо барномаҳои эконометрикӣ (E-views ва Matlab)
• донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалиятнок аст.
Идораи ҳисобдорӣ
VIII
Сармутахассиси шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• малакаи кор дар компютер;
• донистани забони давлатӣ, русӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
• донистани масъалаҳои андозбандӣ (кодекси андоз, ҳисоботҳои андоз, эъломияҳои андоз);
• донистани меъёрҳои муҳосибии байналмилалӣ (СБҲМ); • доштани собиқаи корӣ дар низоми андозбандӣ ҳатмист;
IX
Сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва назорати ҳисобдорӣ (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• малакаи кор дар компютер;
• донистани забони давлатӣ, русӣ, донистани забони англисӣ - афзалият дорад;
• донистани қонунгузории муҳосибӣ;
• донистани меъёрҳои муҳосибии байналмилалӣ (СБҲМ);
• собиқаи кории муҳосибӣ дар бонк на камтар аз 3 сол;
Идораи омор ва тавозуни пардохт
X
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи омор (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ-Ms Office (Word, Exel, Power Point ҳатмист);
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ;
• донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграммаҳо;
• дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 2 сол.
Шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил
XI
Сармутахассис (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
-Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
- Малакаи кор дар компютер- касби Ms Office (Word, Exel –хатмист);
- Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- Доштани таҷрибаи корӣ дар низоми молиявӣ ва бонкӣ (банақшагирии молиявӣ, таҳияи буҷет) на камтар аз 3 сол
- Қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ дар соҳаи молиявӣ;
- Донистани таҳкурсии Стандартҳои байналмиллалии ҳисоботи молиявӣ
Шуъбаи ҳуқуқ
XII
Сардори Бахши умури ҳуқуқӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ-Ms Office (Word, Exel);
• донистани забони давлатӣ, русӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 3 сол, собиқаи кори бонкӣ афзалият дорад.
XIII
Мутахассиси пешбари Бахши умури ҳуқуқӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ-Ms Office (Word, Exel);
• донистани забони давлатӣ, русӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 2 сол, собиқаи кори бонкӣ афзалият дорад.
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм
XIV
Сармуҳосиб (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• малакаи кор дар компютер;
• донистани забони давлатӣ, русӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
• донистани қонунгузории муҳосибӣ;
• донистани меъёрҳои муҳосибии байналмилалӣ (СБҲМ);
• собиқаи кории муҳосибӣ дар бонк на камтар аз 3 сол;
XV
Сардори шуъбаи кормандон ва корҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ-Ms Office (Word, Exel);
• донистани забони давлатӣ, русӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 3 сол, собиқаи кори бонкӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 086УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
•
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 21.04 с.2016
Хадамоти матбуоти
БМТ