Сатҳи таваррум дар моҳи марти соли равон низ раванди муътадил дошт

Бойгонии ахбор
15.04.2016

Сатҳи таваррум дар моҳи марти соли равон низ раванди муътадил дошт

Тавре аз маълумоти омори расмӣ бармеояд, дар моҳи марти соли равон сатҳи таваррум тамоюли пастравиро идома дода, нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ коҳиш ёфт ва ба 0,2 фоиз баробар шуд.

Аз аввали сол бошад, нишондиҳандаи мазкур 2,1 фоизро ташкил намуд. Таварруми ҳосилшуда дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 1,7 фоиз, ғайриозуқа 1,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 4,3 фоиз ба миён омад.

Сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар моҳи марти соли ҷорӣ 5,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки омилҳои асосии пастравии таваррум, бахусус дар моҳҳои феврал ва март соли равон, пеш аз ҳама муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор ва устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ ба шумор рафта, онҳо ба паст шудани нархи молу маҳсулотҳои истеъмолии воридшаванда (хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ)таъсир расонид.

Дар баробари ин, афзоиши пешниҳоди маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ бо назардошти сатҳи мувозинати талаботу пешниҳод ба раванди пастравии сатҳи нархҳо низ мусоидат намуданд.

Дар се моҳи соли ҷорӣ арзоншавии молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаи зерин аз қабили, нархи орди навъи якум (3,7 фоиз), гӯшти гӯсфанд (1,2 фоиз), биринҷ (2,7 фоиз), сабзӣ (24,9 фоиз), карам (12,0 фоиз), шир (10,6 фоиз), тухм (4,5 фоиз), масолеҳи бинокорӣ (0,6 фоиз), бензин (4,2 фоиз)ва гази моеъ (11,9 фоиз)ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки раванди муътадили сатҳи таваррум яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи суботи молиявӣ ва устуворкунандаи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад.

grafik inflation.jpg


Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку