Таҳлили маълумотҳои ҷамъбастии ташкилотҳои қарзӣ дар семоҳаи аввали соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ маблағи 11 010,1 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин маблағ 4 742,5 млн. сомонӣ ё 43,1 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 267,6 млн. сомонӣ ё 56,9 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,65 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,44 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ин давра 1 159,5 млн. сомониро ташкил дод, ки аз ин маблағ 199,8 млн. сомониаш ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон рост меояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ