Фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” қатъ шуд

Бойгонии ахбор
03.05.2016

Фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” қатъ шуд

Сеюми майи соли равон, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” фаъолияти ташкилоти қарзии номбурда қатъ карда шуд.

Мутобиқи қарори зикршуда, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 14 ноябри соли 2012, таҳти № 304 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода шуда, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши он гузошта шудааст. 

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ


Возврат к списку