Конститутсия – бахтномаи миллат

Бойгонии ахбор
10.05.2016

Конститутсия – бахтномаи миллат

Бо мақсади шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи роҳбарият ва дигар кормандони воҳидҳои сохторӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомад гузаронида шуд. 

Дар ибтидои ҷамъомад Сироҷиддин Икромӣ – муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳозирин аз дастовардҳои кормандони Бонки миллӣ, фаъолият ва саҳми онҳо дар пешбурди иқтисодиёти кишвар ёддоварӣ намуд.

Мавсуф ба истиқлолияти давлатӣ ишора намуда, иброз дошт, ки “кишвари мо дар давраи соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гаштааст. Ҳоло ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои якдилӣ 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд, ҳар яки мову шуморо лозим аст, ба ин ҷашни бошукӯҳ омодагии ҷиддӣ бигирем. Мусаллам аст, ки истиқлолият барои мардуми сарбаланди кишвари мо дастоварди бузург аст ва он барои рушду такомули соҳаҳои ҳаётан муҳим ва барои амалӣ намудани ормонҳои миллӣ заминаи хуби сиёсӣ гардидааст”.

Иштирокдорони дигари чорабинии мазкур низ аз шарофати истиқлолият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз мутобиқат намудани он ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳад, ки меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ба ин васила ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам беҳтар тавсеа ва рушд меёбанд.

Нишастбудагон инчунин ба хулосае омаданд, ки тағйиру иловаҳои пешбинишуда ба Конститутсия ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи он дар саросари кишвар мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ


Возврат к списку