Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 19 солагии Ваҳдати миллӣ моҳи дуюм аст, дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзҳои шанбе бо иштироки фаъолонаи роҳбарон ва кормандони воҳидҳои гуногуни сохтории Бонк корҳои ободонию бунёдкорӣ ва беҳдошти экологию тозагии гирду атрофи Бонк ба роҳ монда шуда истодааст.
Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 19 солагии Ваҳдати миллӣ дар шӯъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилоятҳо низ гузаронида шуда истодаанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ