11 майи соли равон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори №220-и Райёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ”-ро, ки мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, дар Феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт.
Дар робита бар ин, қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2011, №17 “Дар бораи тасдиқ намудани "Қоидаҳои тартибдиҳӣ ва пешниҳоди шаклҳои ҳисоботи молиявӣ барои ташкилотҳои қарзӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2011, №615 ба қайд гирифта шудааст, бе эътибор дониста мешавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ