Тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ, бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 4 177, 7 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 6 781, 0 миллион сомониро ташкил медиҳад. Таркиби бақияи қарзҳо аз 4 756,1 миллион сомонӣ ё 43,4% қарзҳои кутоҳмуддат ва 6 202,7 миллион сомонӣ ё 56,6% қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-апрели соли равон 1 471,5 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 254,6 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ