Раванди пасандозгузорӣ муътадил аст

Бойгонии ахбор
20.05.2016

Раванди пасандозгузорӣ муътадил аст

Дар низоми бонкии ҷумҳурӣ раванди муътадили пасандозгузорӣ идома дорад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, бақияи амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар охири моҳи апрели соли 2016 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22,4% афзуда, 9,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ 16,03 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 10,62 фоизи солонаро ташкил менамоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку