Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10-ум то 20-уми майи соли равон, давраи аввали семинар-машваратҳоро оид ба “Баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ”, дар 11 мактаби таҳсилоти умумии минтақаҳои гуногуни кишвар (шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Истаравшан, Данғара, Ваҳдат, Ғафуров, Бохтар ва Рӯдакӣ) баргузор намуд.
Дар семинар-машварати мазкур дар баробари хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин директорони мактабҳо ва омӯзгорони фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” аз минтақаҳои номбаршуда иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ин семинар-машварат баланд бардоштани завқи хонандагон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ ба ҳисоб рафта, тӯли ин муддат ба иштирокдорони семинар дар бораи масъалаҳои иқтисодиву молиявӣ дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин ба директорон ва омӯзгорони фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” роҳу усулҳои ҷолибу шавқовар гузаронидани дарсҳо аз фанни мазкур, такмил додани услубу роҳҳои муассири донишандӯзӣ, усулҳои муосири гузаронидани чунин дарс омӯзонида шуд.
Дар чорабинии мазкур аҳамият ва зарурати аз ҷониби ҳар як шаҳрванд азбар шудани донишҳои молиявӣ таъкид гардид. Бояд қайд кард, ки иштирокдорони чорабинии мазкур, ки асосан аз мактаббачаҳои синфҳои 10 ва 11 иборат буданд, дар муколамаи семинар-машварат фаъолона ширкат варзиданд.
Дар назар аст, ки чунин семинар-машваратҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ гузаронида шавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ