Маҳорати мутахассисон такмил дода мешавад

Бойгонии ахбор
03.06.2016

Маҳорати мутахассисон такмил дода мешавад

Бо мақсади баланд бардоштани малакаи кории мутахассисони низоми бонкӣ дар ҷараёни кор бо ҳуҷҷатгузориҳои электронӣ, самаранок истифода бурдани воситаҳои техникӣ, кам кардани хароҷот ва истифодаи босамари вақти корӣ, имрӯз, 3 июни соли равон, барои кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳуҷҷатгузории электронӣ” семинари таълимӣ баргузор гардид.

foto_sem_1.JPG

Дар рафти семинар мутахассисони Департаменти технологияҳои иттилоотии БМТ барои иштирокдорон оид ба усулҳои муосири кори ҳуҷҷатгузорӣ байни воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дарсҳои аёнӣ гузарониданд.

Ҳамзамон, ба иштирокдорони семинар дар бораи имкониятҳои барномаи “1С Ҳуҷҷатгузории электронӣ”, шаклҳои омода сохтани варақаи ҳуҷҷат, интихоб кардани бизнес-равандҳо, тарзи қабул ва равон кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ маълумотҳои иловагӣ пешниҳод гардид.

Қобили қайд аст, семинари мазкур идомаи силсилаи семинарҳои таълимие мебошад, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва малакаи кории мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон равона шудааст.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку