Ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ҳайати намояндагони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ, намояндагони САҲА ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, дар мавзӯи “Пешниҳоди беҳтарин таҷрибаҳои кор дар бахши гузаронидани тафтишот дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”, барои мутахассисони Департаменти назорати молиявии БМТ, мақомоти судӣ, прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинари таълимӣ баргузор намуд.
Дар рафти семинар коршиносони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҳқиқоти амалии молиявӣ мисолҳо оварда, барои дар амалия истифода бурдан усулҳои мушаххас ва муассир пешниҳод намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ иштирокдорон аз баргузории семинари мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омӯзиши таҳқиқи ҷиноятҳои молиявӣ бо истифода аз усул ва технологияи муосир ба манфиати кор буда, таҷрибаҳои андӯхта дар амалия ҳатман татбиқ хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ