Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ идома дорад

Бойгонии ахбор
21.06.2016

Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ идома дорад

Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, бақияи амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба охири моҳи майи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 афзуда, аз ин маблағ 3 195,3 млн. сомонӣ бо пули миллӣ ва 6 404,1 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд.

Таркиби бақияи ҳаҷми амонатҳо 40,3 фоиз ё маблағи 3 869,0 млн. сомониро амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 59,7 фоиз ё 5 730,4 млн. сомониро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 16,04 буда, бо асъори хориҷӣ 10,54 фоизи солонаро ташкил менамоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку