Ҳамқадами технологияҳои замонавӣ

Бойгонии ахбор
05.07.2016

Ҳамқадами технологияҳои замонавӣ

4 июли соли 2016 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ибтикори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон ва Департаменти технологияҳои иттилоотии бонк дар мавзӯи “Ҳисобгирии вақти кор” семинари омӯзишӣ доир гардид.

sem_tabel_1.jpg

Кормандони Шуъбаи коркард ва пешбурди барномаи Департаменти технологияҳои иттилоотӣ, ки барномаи мазкурро таҳия намудаанд, ба иштирокдорони семинар оид ба технологияи ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иштирокдоронро бо аломатҳои шартии варақаи баҳисобгирии музди меҳнат, тарзи ворид шудан, аз кадом барнома истифода бурдан, раванди ҷории кор дар дохили барнома шинос намуданд.

sem_tabel_2.jpg

Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур, омӯхтани кор бо технологияҳои замонавии иттилоотӣ буда, ба таври электронӣ ҷорӣ намудани варақаи ҳисобгирии вақти корӣ ва ҳамзамон дар ояндаи наздик гузаштан ба шакли автоматии ҳуҷҷатгузории электронӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку