Рушди бозори кортҳои пардохтӣ талаботи замон аст

Бойгонии ахбор
08.07.2016

Рушди бозори кортҳои пардохтӣ талаботи замон аст

Посух ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи

“Ҷумҳурият” Шаҳнозаи Қурбон

1. Рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва ё ҷорӣ намудани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба кадом хотир пеш гирифта шудааст?

Муомилоти пулӣ аз муомилоти пули нақд (тавассути банкнота ва тангаҳо) ва муомилоти пули ғайринақдӣ (тавассути ҳаракати маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ) иборат буда, дар маҷмӯъ гардиши молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳои кишварро таъмин менамоянд.

Дар давлатҳои мутараққии дунё ҳиссаи муомилоти пулии ғайринақдӣ мақоми истисноӣ дошта, ба муомилоти пули нақд ҳиссаи ночизи гардиши пул рост меояд (мисол, ин таносуб дар Иттиҳоди Аврупо тақрибан 95,0 ба 5,0 фоиз аст). Дар давлатҳои тараққикунанда аз ҷумла, дар давлатҳои собиқ шӯравӣ бошад, баръакси ин ҳолат мушоҳида гашта, муомилоти пули нақд мақоми афзалиятнокро соҳиб аст. Чунин ҳолат хароҷоти мустақими ғайриистеҳсолии иқтисодиётро ба маротиб зиёд карда, (то як фоизи ММД) ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ҳисоббаробаркуниҳо ва муомилоти ғайрирасмӣ мусоидат менамояд.

Тадқиқоту таҳлилҳои гузаронидашудаи институтҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва бонкҳои марказӣ таъсири мусбати истифодабарии кортҳои пардохтиро ба рушди иқтисодиёти миллӣ нишон медиҳад. Натиҷаи ин тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки истифодаи оммавии кортҳои пардохт ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат намудааст.

Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2014, таҳти №815 Қарори дахлдор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”-ро қабул намуд. Ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, аз ҷониби Вазорати адлия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд, ки он дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, 14 майи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гашт. Тибқи ин тағйиру иловаҳо, хусусан ба моддаи 615 КҲМ ҶТ, барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҷазо муқаррар гардидааст. 

Муқаррароти моддаи 615 КҲМ ҶТ аз 1-уми январи соли 2017 дар тамоми кишвар мавриди амал қарор дода мешавад.

2. Оё минбаъд шаҳрвандон дар баробари ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ метавонад бо пули нақд ҳам ҳисоббаробаркуниро анҷом диҳад?

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ-сомонӣ воситаи қонунии пардохт ба шумор рафта, ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо ҳам ба таври нақдӣ ва ҳам ба таври ғайринақдӣ бе маҳдудият бо пули миллӣ - сомонӣ амалӣ мегарданд.

Дар ҳамин ҳол, рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва такмили ин низоми пардохт дар кишвар яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаи кам кардани саҳми ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар бахши пардохтҳои чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

3.То ин дам аз ҷониби бонкҳои ватанӣ чӣ қадар кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварда шудаанд?

Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд.

Ба санаи 1 июни соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 562 ҳазор адад кортҳои пардохтии бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,3 фоиз зиёд мебошад.

4. Айни ҳол, чӣ қадар дастгоҳҳои электронӣ барои пардохтҳо мавриди истифода қарор дода шудааст?

Ба санаи 1 июни соли ҷорӣ шумораи умумии терминалҳои электронии насбгардида ба 2 303 адад расид. Аз ин миқдор 631 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 672 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд насб гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 26,7% ва 25,5% афзудааст.

5. Дастгоҳҳои терминалҳои электронӣ аз ҳисоби кӣ дар марказҳои хизматрасониву савдо насб мешаванд?

Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб мегарданд. Барои насб намудани терминалҳои электронӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.

6. Оё дар бозорҳо ҳам чунин дастгоҳҳо насб мешаванд?

Тибқи банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, таҳти №815 номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, сохторҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, мушаххас карда шудааст. Тибқи қарори зикргашта, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта ўҳдадор карда шуданд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар шароити қабули ҳисоббаробаркуниро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ таъмин намоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку