Эълони озмун

Бойгонии ахбор
20.07.2016

Эълони озмун

Бонки миллии Тоҷикистон ширкатҳои пешниҳодкунандагони (провайдерҳои) хизматрасониҳои Интернетро ҷиҳати ташкили хатти захиравӣ барои маркази протсессингии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” даъват менамояд.

Талабот:

  •  Суръат: 1Мбтс – 5Мбтс ;

  •   Нахи нурӣ (оптикӣ) байни бонк ва ширкати пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои Интернет;

  •   На кам аз 1 рӯз пеш аз гузаронидани корҳои техникӣ ва иваз шудани шабакаҳо огоҳ намудани мутахассисони дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон;

  •   Таъмини блоки IPv4 адресҳо (4 адрес барои “хост”-ҳо)

  •   Вақти камтарин ва хати кутоҳтарин то иштирокчиёни VPN (Русия, Хитой, Ҳиндустон, Олмон)

Суроға ва координатҳои бонк: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 23/2,

38.566699, 68.792963

Хоҳиш карда мешавад, ки нархномаи хизматрасониҳо якҷоя бо хароҷотҳои якдафъаина пешниҳод карда шаванд.

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд пешниҳодҳои худро то санаи 29 июли соли 2016 ба Шуъбаи хариди Бонки миллии Тоҷикистон ирсол намоянд.

Рақами телефон: 44 6003101 (иловагӣ 251)

Хадамоти матбуоти  
БМТ


Возврат к списку