Муҳлати маъмурияти муваққатӣ тамдид гашт

Бойгонии ахбор
03.08.2016

Муҳлати маъмурияти муваққатӣ тамдид гашт

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк”, бо қарори навбатии худ аз 3 августи соли равон, мӯҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар ин бонк ба муҳлати се моҳ тамдид намуд.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда чораҳои зарурӣ андешад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку