Бонки миллии Тоҷикистон ваколати маъмурияти муваққатиро дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тамдид намуд

Бойгонии ахбор
17.08.2016

Бонки миллии Тоҷикистон ваколати маъмурияти муваққатиро дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тамдид намуд

Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, бо сабаби риоя накардани талаботи қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дуруст идора накардани хавфҳо, аз ҷумла хавфҳои қарзию пардохтпазирӣ ва ошкор кардани норасоиҳои молиявӣ, вайронкунии аксари меъёрҳои мақбул аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва бо мақсади солимгардонии молиявии бонк тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2016 маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати то се моҳ таъин карда шуд. Ҳамзамон намояндагони маъмурияти муваққатӣ дар панҷ филиалҳои минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (Қурғонтеппа, Кулоб, Хоруғ, Рашт ва Хуҷанд), ки назорати фаъолияти филиалҳоро амалӣ менамоянд, таъин гардиданд.

Дар муддати се моҳи фаъолияти худ маъмурияти муваққатӣ корҳои муайянеро оид ба солимгардонии фаъолият ва устувории кори бонк ба анҷом расонид ва натиҷаҳои зеринро ба даст овард:

- фаъолияти ҷории бонк ҳамарӯза назорат карда мешавад ва бо қабули қарорҳои муассир шаффофияти он таъмин мегардад;

- тибқи супориши Мудири муваққатӣ гурӯҳи бозгардонии қарзҳо, аз ҷумла қарзҳои мушкилситон ташкил карда шуд. Дар натиҷаи кори самаранок 41,5 млн. сомонӣ маблағи қарзи асосӣ ва 14,6 млн. сомонӣ фоизи онҳо, дар маҷмуъ 56,1 млн. сомонӣ баргардонида шуданд. Маблағҳои мазкур, пеш аз ҳама, барои пардохти уҳдадориҳои аввалиндараҷаи бонк равона гардиданд, аз ҷумла, пардохти саривақтии маблағҳо аз рӯи лоиҳаҳои музди меҳнат тавассути кортҳои пардохтӣ дар ҳаҷми умумии 7,5 млн. сомонӣ ба зиёда аз 30 ҳаз. нафар анҷом дода шуд.

- дар доираи ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар бонк ҳисобҳо доранд, шартномаҳо оиди тамдид кардани муҳлати амонатҳои амалкунанда баста шуданд, аз ҷумла амонатҳои муҳлатнок тамдид карда шуда, фоизи пасандозҳои 909 амонатгузор ба маблағи 133,4 млн. сомонӣ бознигарӣ шуд;

- Корҳо дар мавриди оптимизатсияи хароҷотҳо, коҳиш додани масрафи амалиётӣ ва хоҷагидорӣ амалӣ мегарданд.

Дар баробари ин, бо мақсади таъмини фаъолияти муназзам ва устувори бонк гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои дахлдор ва институтсионалӣ зарур мебошад, ки амалӣ намудани онҳо вақти иловагӣ, беҳсозии идоракунии корпоративӣ ва аз ҷумла, тақвияти идорасозиро тақозо менамояд.

Айни замон дар навбати аввал фавран солимгардонии фаъолияти мукаммали «Тоҷиксодиротбонк» тавассути барқарорсозии сармояи он ва фаъолтар намудани корҳо дар самти баргардонидани қарзҳои мушкилситон ва саривақт иҷро кардани уҳдадориҳои бонк дар назди амонатгузорон ва кредиторон, инчунин барқарор намудани фаъолияти он ҳамчун бонки низомсози рақобатпазир афзалиятнок дониста мешавад.

Бо ин мақсад, Бонки миллии Тоҷикистон гуфтушунидро бо БАТР идома дода, ба нақша гирифтааст, ки БАТР, ХБА ва Бонки Ҷаҳониро ба раванди таҳияи барномаи мукаммали дастгирии низоми бонкии Тоҷикистон ҷалб намояд.

Бинобар ин, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ба муддати 3 моҳи дигар тамдид намудани муҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» қарор қабул намуд, ки ин барои барқарорсозии пурраи фаъолияти бонк мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуоти

БМТ


Возврат к списку