Мулоқот бо ҳайати намояндагии ХБА

Бойгонии ахбор
23.08.2016

Мулоқот бо ҳайати намояндагии ХБА

Дирӯз, 22 августи соли 2016 ҷиҳати баррасӣ намудани эҳтимолияти барномаи нави сесолаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс мулоқоти корӣ анҷом дод.

IMG_1472.JPG

Дар оғози мулоқот раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон меҳмононро бо шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва вазъи имрӯзаи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

Сипас роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон ҷаноби Пол Росс барои иштирокдорони мулоқот дар мавриди иҷрои шартҳое ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани барнома пешниҳод шудааст, маълумот дод.

IMG_1476.JPG

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди татбиқи Барномаи (ECF) механизми васеи қарздиҳии ХБА ба Тоҷикистон, зарурати расонидани кӯмак, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда фикру андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки қисмати зиёди шартҳои пешниҳодкардаи ХБА аз ҷониби БМТ аллакай мавриди иҷро қарор гирифтаанд.

Дар интиҳои суҳбат, Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.

IMG_1470.JPG

Қобили қайд аст, ки ҳайати намояндагии ХБА аз 22 то 31-уми августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ҳузур дорад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку