Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм рӯзҳои 21-22-юми сентябри соли равон, дар доираи иҷрои талаботи барномаи муштарак дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди Президенти ҶТ, Агентиии омори назди Президенти ҶТ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ВКД, КДАМ, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ва Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон семинари таълимӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии мазкур муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аз натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомёфта дар низоми бонкӣ ва пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ суханронӣ намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки маълумотҳои дар чорабинии мазкур пешниҳодшаванда аз ҷониби иштирокдорон дар тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ дар самти идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм истифода бурда хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Гурӯҳи Авросиё ба иштирокдорон дар мавриди мутобиқати баҳодиҳии меъёрҳои техникӣ, хавфу хатар ва дарки он ҳангоми баҳодиҳии тарафайн, нақши мақомоти пешоҳанг дар ҷараёни баҳодиҳии тарафайн, истифодаи маълумоти сершумор ва босиффат дар самти МҚД/МТ маърӯза хонданд.
Дар навбати худ иштирокдорони семинар ҳангоми баҳсу муҳокимаҳо аз таҷрибаҳои хеш дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ташкилотҳояшон суханронӣ карда, ба саволҳои худ посух ва маслиҳатҳои муфид гирифтанд.
Қобили қайд аст, ки дар семинари мазкур, намояндагони Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравии татбиқи меъёрҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дошта, ба иштирокдорон оид ба ҷараёни баҳодиҳии тарафайн, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои беҳтарини баҳогузории тарафайни қаблӣ маълумот доданд.
Семинари Гурӯҳи Авросиё дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 сентябр дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони воҳиду сохторҳои мақомоти давлатӣ баргузор гардида, рӯзи 22 сентябр барои намояндагони бахши хусусии кишвар низ чунин чорабинӣ гузаронида мешавад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ