БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
I
Сармутахассиси шуъбаи назорати низоми пардохти
Идораи низоми пардохт
Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ, техникӣ, соҳаҳои марбут ба технологияҳои
иттилоотӣ (IT) ё ҳуқуқи байналмилалӣ;
• таҷрибаи корӣ дар таҷҳизоти терминалии бонкӣ;
• донистани қоидаҳо ва тарзи кори низомҳои пардохти миллӣ ва байналмилалӣ;
• доштани таассурот оид ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию
рақамӣ дар соҳаи бонкӣ;
• донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ ва англисӣ;
• доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи низомҳои пардохт на камтар аз 3 сол.
Доштани таҷрибаи корӣ оид ба:
• системаҳои амалиётии MS Windows XP/7;
• барномаҳои MS Office 2007/2010;
• додугирифти маълумот тавассути почтаи электронӣ;
• ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот доир ба низомҳои пардохти байналмилалӣ ва низомҳои интиқоли маблағҳо;
• таҳияи намоишҳо (презентатсияҳо);
• таҳияи дастурҳои (супоришҳои) техникӣ;
• таҳияи санадҳои меъёрӣ.
II
Муҳандиси пешбар оид ба мудофиаи гражданӣ, оташнишонӣ ва
ҳифзи меҳнати шуъбаи хоҷагидорӣ ва беҳдошти Идораи корҳо
Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ, техникӣ ё ҳуқуқӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ,;
• доштани собиқаи корӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, оташнишонӣ ва ҳифзи меҳнат на камтар аз 3 сол.
III
Муҳандиси шуъбаи хоҷагидорӣ ва беҳдошти Идораи корҳо
(оид ба соҳаи барқ)
Талабот ба номзад:
• маълумоти олии техникӣ;
• малакаи кор дар компютер – дар сатҳи истифодабаранда;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
• доштани собиқаи корӣ дар соҳаи барқ на камтар аз 5 сол.
IY
Сармутахассиси Шуъбаи ҳуқуқ
Талабот ба номзад:
• маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 3 сол (собиқаи кории бонкӣ афзалият дорад).
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 086УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка)
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Барои маълумот тел: 600-32-32; 600-31-38
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 16.10.2016
Ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ қабул карда мешаванд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ