Шарҳи моҳонаи таваррум

Бойгонии ахбор
28.10.2016

Шарҳи моҳонаи таваррум

Тибқи маълумоти омори расмӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ сатҳи таваррум нисбат ба моҳҳои июл ва август раванди муътадили поёнравӣ дошта, 0,4 фоизро ташкил дод. Таварруми солона бошад, дар доираи дурнамои пешбинишуда тамоюли тағйирёбиро нишон дод ва чун моҳи қаблӣ (август) дар сатҳи 6,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ, бахусус хизматрасониҳои пулакӣ ва коҳиш ёфтани пешниҳоди бархе аз маҳсулоти хӯроквории дар дохили кишвар истеҳсолшаванда, инчунин болоравии нархи воридотии маводи сӯзишворӣ, боиси нисбатан боло рафтани сатҳи таварруми солона нисбат ба интиҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ гардид.


Дар ин давра ба таварруми моҳона асосан афзоиши нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ мувофиқан ба андозаи 0,7 ва 0,2 фоиз таъсир расонид. Нархҳои хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, ки дар моҳҳои июл ва август болоравии назаррас дошт, дар маҷмуъ дар моҳи сентябр бетағйир монда, болоравии арзиши хизматрасонӣ дар муассисаҳои бачагонаи томактабӣ (43,2 фоиз) ва пойнравии нархи нақлиёти мусофирбар (-3,2 фоиз) ба қайд гирифта шуд.

Бо арзёбии солона (дар 12 моҳи охир) бошад ба сатҳи таваррум болоравии нарху тарифаҳои хизматрасонӣ ба андозаи 7,0 фоиз (нақлиёти мусофирбар 9,9 фоиз, маишӣ 8,1 фоиз, манзилию коммуналӣ 5,7 фоиз) таъсир расонид.  Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ дар як соли охир 8,0 фоиз (гази моеъ 28,1 фоиз, либос ва пойафзол 16,9 фоиз, доруворӣ 15,0 фоиз) ва маҳсулоти хӯрокворӣ ба 5,4 фоиз афзуд, ки бо хусусияти мавсимӣ (меваҷот 30,9 фоиз) ва афзудани нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти алоҳидаи истеъмолӣ (шакар 21,7 фоиз, равған 11,9 фоиз) маънидод карда мешавад. Қобили зикр аст, ки маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ дар се моҳи охир тамоили тадриҷии пастшавиро дошт, ки аз мутобиқшавии нархҳои дохилӣ ба тағйирёбиҳои қурбии дар аввали сол ба вуқуъ омада гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, нархи он аз 10,0 фоизи солона дар моҳи май то 8,0 фоизи солона дар моҳи сентябр паст фаромада, тибқи баҳодиҳӣ раванди мазкур дар моҳҳои боқимондаи сол низ давом меёбад.


Бо вуҷуди ин, сатҳи муътадили талаботи дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ ба авҷ наёфтани интизориҳои таваррумӣ мусоидат намуда истодааст. Интизор меравад, ки дар моҳҳои октябр-декабри соли равон бо дарназардошти болоравии ба нақша гирифташудаи нархҳои хизматрасонии обтаъминкунӣ ва нерӯи барқ, меъёри таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда 7,0 фоизи солона ҷамъбаст хоҳад ёфт.



манбаъ: Агентии омор, ҳисобҳои БМТ

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд


Возврат к списку