Конститутсия – санади муқаддаси миллат

Бойгонии ахбор
04.11.2016

Конститутсия – санади муқаддаси миллат

Имрӯз, 4 ноябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

IMG_1845.JPG

Ҷаласаро нахуст сардори идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Давлаҳмад Гадоев бо суханони табрикӣ оғоз карда, иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 22-юмин солгарди қабули ин санади таърихӣ шодбош намуд. Давлаҳмад Гадоев нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳия ва омодасозии Конститутияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, қабули ин санади таърихиро дастоварди бузурги мардуми кишвар номид.

IMG_1840.JPG

- Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми кишвар пазируфта шудааст. Ва ба як маънӣ ин рӯйдоди бузурги таърихӣ боиси пешравии ҷомеа ва далели соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардидааст. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муътабару муътамад ва ифодагари манфиатҳои мардуми кишвар давлати Тоҷикистон ва мардуми онро дар арсаи олам муаррифӣ менамояд, - изҳор дошт Давлаҳмад Гадоев.

IMG_1861.JPG

Сипас, сардори шуъбаи ҳуқуқҳои байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович ба иштирокдорон дар хусуси аҳамияти қабули ин санади таърихсоз сухан гуфт.

IMG_1839.JPG

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меьёрии ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Бо шарофати қабули Конститутсия имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун субьекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ мешиносанд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо номбар гардидааст, - қайд намуд Маҳмадшоев Ф.

Дар идомаи маҷлис, сардори шуъбаи ҳуқуқҳои байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович ба саволҳои гуногуни иштирокдорони чорабинӣ посухҳои мушаххас гардонида, зикр кард, ки ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар менамояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку