Фаъолияти ҶСП “Мададгори Мастчоҳ” қатъ гардид

Бойгонии ахбор
09.11.2016

Фаъолияти ҶСП “Мададгори Мастчоҳ” қатъ гардид

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2016 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои муфлисшавӣ фаъолияти ҶСП ТҚХ “Мададгори Мастчоҳ” қатъ карда шуд.

Мутобиқи қарори зикршуда иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 4 феврали соли 2013, таҳти №9 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида ба суд пешниҳод карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку