Муҳлати маъмурияти муваққатӣ тамдид гашт

Бойгонии ахбор
18.11.2016

Муҳлати маъмурияти муваққатӣ тамдид гашт

Бо мақсади солимгардонӣ ва барқарорсозии пурраи фаъолияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо қарори навбатии худ муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар бонки мазкур то 18 декабри соли 2016 тамдид намуд. 

Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку