9-уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола Ҷумъаевна барои мутахассисони масъули бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар мавзӯи “Тарзу усули омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи омории №1-ТП “Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. (Дар семинар 80 нафар мутахассис аз 56 ташкилоти қарзӣ иштирок намуданд)
Дар оғози семинар муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ қайд кард, ки шакли ҳисоботи омории №1-ТП “Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ” ва Дастурамал оид ба пур кардани шакли ҳисоботи омории № 1-ТП “Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ” дар таҳрири нав, мутобиқ ба нашри 6-уми Дастурамали ХБА “Тавозуни пардохт ва мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ” омода гардидааст.
Номбурда бо таъкид ба он ки пешниҳоди омори дақиқу боэътимод имрӯз дар аксари кишварҳо аз талаботи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, изҳори умедворӣ намуд, ки таҷриба ва маълумоти дар семинари мазкур аз ҷониби иштирокдорон андӯхташуда, дар оянда барои ба роҳ мондани шаклҳои ягонаи ҳисоботи оморӣ заминаи лозимӣ хоҳад гузошт.
Сипас, аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорони семинар дар хусуси аҳамияти тавозуни пардохт дар низоми сиёсати иқтисодӣ, таъиноти макроиқтисодии тавозуни пардохт, мафҳумҳо, тарз ва усули истифодабарии замимаҳои шакли ҳисоботи омории №1-ТП “Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ” ҳангоми омода намудани ҳисобот маърӯза хонда шуд.
Зикр гашт, ки шакли ҳисоботи омории №1-ТП “Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ” аз ҷониби Идораи омор ва тавозуни пардохти БМТ бо мақсади такмили омори бонкӣ ва ба амалияи байналмилалӣ мутобиқ намудани он, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати омор ва пешниҳоди маълумотҳои саҳеҳу боэътимод таҳия гашта, дар таҳрири нав шарҳи мафҳумҳо, сохтори ҳисобҳо, рамзҳои минтақа ва рамзи мушахаси ягонаи андозсупоранда ворид шудааст.
Қобили қайд аст, ки тағйиру иловаҳо бо мақсади мутобиқ намудани ҳисобот бо стандартҳои байналмилалӣ илова гашта, барои таҳкими низоми молиявӣ ва рушди иқтисодиёт дар кишвар равона гаштааст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ