Имрӯз, 24 январ, дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид.Машварати кориро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон – муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо – Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Буриан роҳбаладӣ намуданд.
Зимни машварати корӣ тарафҳо вазъи феълии низоми бонкии кишварро баррасӣ намуда, аз ҷараёни гуфтушунидҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ибрози назар карданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев дар сатҳи баланд баргузор шудани мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор бори дигар хотиррасон намуд. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ки дар самти низоми бонкӣ ҳамкориҳоро тавсеа бахшад, аз ин рӯ бисёр шартҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро иҷро намудаст.
Ҳангоми вохӯрӣ инчунин Ҷ.Нуралиев изҳор дошт, ки дар низоми бонкӣ ислоҳоти куллӣ амалӣ шуда истодааст ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҷ.Нуралиев иштирокчиёни вохӯриро бо вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ ошно намуд. Зикр гардид, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ислоҳот дар низом Бонки миллии Тоҷикистон барои кӯмаки техникӣ аз шарикони ҳамкор, ба монанди такмили донишу малакаи касбӣ, андӯхтани таҷриба, доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ ва пешниҳоди мушовирон ниёз дорад. Инчунин дар хусуси афзоиши захираҳои байналмилалӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ новобаста аз таъсири омилҳои беруна махсусан қайд карда шуд.
Дар навбати худ, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Петер Буриан изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо асосан дар самти дастгирии бахши энергетикӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна барномаҳои худро амалӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, имкони ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти мубодилаи таҷриба дар низоми бонкӣ, аз ҷумла дар самти кортҳои электрониро баррасӣ намуд.
Дар хотимаи вохӯрӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ омодагии ҳамаҷонибаи худро баён намуда, аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманд, дастгирӣ ва пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ ҷиҳати пешбурди ислоҳоти низоми бонкии кишвар даъват ба амал овард.
Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо Хидает Бискевич, муовини сардори Шуъбаи Осиёи Марказӣ Аудрон Перкаускиене, мушовири сиёсии ИА Раймонд Вингрис ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ