Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолият ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо ширкати “Металор” намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев санаи 2 - 4 марти соли 2017 ба шаҳри Марини Швейтсария сафари хидматӣ доштанд.
Зимни сафар ҳайати намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон бо фаъолияти корхона аз наздик шинос шуда, бо Президенти ширкат оид ба соҳибкории тасфия ҷаноби Юксинг Шанг вохурӣ анҷом дод. Ҳангоми гуфтушунид тарафҳо оид ба тавсеа бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд дар самти тасфияи филизот изҳори омодагӣ намуданд.
Дар натиҷаи мулоқоти судманд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати “Металор” Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд.
Ширкати “Металор”-и Швейтсария соли 1852 ташкил ёфта, яке аз бонуфузтарин ширкатҳо дар соҳаи коркард ва тасфияи филизоти қиматбаҳо ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур дар саросари ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, дар 17 кишвар намояндагиҳои худро кушодааст. Ба шабакаи байналмилалии муштариён пайваст буда, маҳсулоти ин ширкат дар ИМА (Лос Анҷелес ва Лима), Аврупо (Лион) ва Осиё (Ҳонконг) ба муомилот бароварда мешавад. Дафтари асосии ин Ширкат дар шаҳри Марини давлати Швейтсария ҷойгир шудааст. Ширкати “Металор”-Сертификатҳои стандарти ISO (Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия), RJC (Шурои маҳсулоти заргарӣ), LPPM (Бозори платина ва палладии Лондон) ва LBMA (Асотсиатсияи иштирокчиёни бозори қиматбаҳои Лондон) доро мебошад. Аз ҷониби ширкати мазкур ба бонкҳои марказии ҷаҳон дар соҳаи тасфия хизмат расонида мешавад. Теъдоди кормандони умумии ширкати мазкур 1650 нафарро ташкил медиҳад. Маҳсулоти ин ширкат дар саноати электронӣ, мошинасозӣ ва соҳаи ороишӣ истифода мешавад. Дар корхонаи мазкур маҳсулоти хом ва нимтайёр, ба монанди тилло, платинум, палладий ва нуқра коркард карда мешаванд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ