Таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар БМТ

Бойгонии ахбор
07.03.2017

Таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар БМТ

Ба ифтихори ҷашни фархундаю муборак, Рӯзи модар 6 марти соли 2017 бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, хонумон ва бонувон, ки дар бахшҳои гуногун ва вазифаҳои пурмасъулияти бонк фаъолият доранд, ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар назди ҳозирин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода баромад намуда, модарон, бонувон ва хоҳарони гиромиро самимона табрику таҳният гуфт. 

2.JPG

Матни пурраи суханронии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар тантанаи Рӯзи Модар манзури хонандагони гиромӣ гардонида мешавад.

Хоҳарони азизу гиромӣ!
Бонувони арҷманд!

Иҷозат диҳед бо истифода аз фурсати муносиб дар остонаи Наврӯзи хуҷастапайи ҷаҳонӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми баҳору гулафшони табиат ба ҳар кадоми Шумо, пеш аз ҳама сарсабзию саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу намоям.

Ҳамкорони муҳтарам! Мақоми волои зан - модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба фарзанд сабаб гардид, ки модарро аз даврони қадим то ба имрӯз ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон дӯст доранд ва азиз шуморанд. Ба хусус, мардуми соҳибфарҳанги мо модарро азиз медоранд ва аз дилу ҷон ба заҳматҳои вай арҷ мегузоранд. 

1.JPG

Воқеан, зан - модар сарчашмаи ишқу муҳаббат, меҳру вафо, мураббӣ ва тарбиятгари фарзанд, шахси азиз ва чароғи ҳар хонадон буда, ҳамеша сазовори эҳтирому муҳаббат ва қадршиносию ғамхорист.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар...
Ғамхору ғамшарикон аз мӯйи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи модар. 

Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин тадбирҳоро зина ба зина мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи ягонаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ менамояд.

Хушбахтона, бо шарофати чунин ғамхорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон на танҳо чароғи хонадони ҳар яки моро равшан медоранд, балки дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва гул-гул шукуфтани Ватани азизамон фаъолона саҳм мегузоранд. 

3.JPG

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун солҳои пешин дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 22 декабри соли 2016 манзур гардида, дар маҷмӯъ барномаи фаъолияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2017 дар бар мегирад, ба нақши занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар бунёди давлатдории миллӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, дар Паём зикр гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.

Дар Паём зарурати дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар ба кор ҷалб кардани занону духтарон аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардид.

7.jpg

Бо ҳамовозӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон метавон гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ, то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, мушовири Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем мебинем, ки ба санаи 1-уми феврали соли 2017 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон 32% ва дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 33% -ро ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии кормандони роҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон 35 нафар ё 25%-ро занон ташкил мекунанд. 

Ҷиҳати назорати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки ҳар моҳ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ин нукта ҳам шоистаи зикр аст, ки тавассути Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону” бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон 10 ноябри соли 2016 дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон” бо иштироки бештар аз 70 зани соҳибкор баргузор гардид.

Бо мақсади иҷрои супориши Протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №6 аз 29.04.с.2016 доир ба ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, поквиҷдон, масъулиятшинос, пеш аз ҳама аз ҳисоби занҳо ба вазифаи сармуҳосиб, хазинадор ва дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддидошта як нафар зан ба вазифаи сардори Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ таъин гардида, 4 нафар ба вазифаҳои масъули ҳисобдорӣ ва хоҷагидорӣ, 23 нафари дигар ба вазифаи хазинадор таъин гардиданд, ки пурсамар фаъолият намуда истодаанд.

Дар оянда низ ҳангоми интихобу ҷобаҷогузорӣ ва қабули кормандон ба занону духтарони кордону болаёқат ва соҳибмаърифат афзалияти бештар дода мешавад.

4.JPG

Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо дар семинару курсҳое, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад ҳар сол барномаи мақсадноки таълим ва такмили ихтисоси кормандон таҳия гардида, амалӣ карда мешавад. 

Таърихи пурифтихори халқи мо гувоҳ аст, ки занону духтарони ҷасуру диловари тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар роҳи ҳифзи нангу номуси халқу Ватан фидокориҳову ҷоннисориҳои бемислу монанд кардаанд.

Аммо айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рӯзгори пурфайзи давлатдории миллӣ ба зиммаи занону духтарон масъулияти боз ҳам бештар вогузор менамояд. Яъне, зарур аст, ки занону духтарон на танҳо дар ободонии мамлакат ва таъмини дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии он, балки бо кору амали шоиста ва ахлоқи ҳамидаи худ дар амри боло бурдани сатҳи маънавии аҳли ҷомеа саҳмгузор бошанд ва рисолати худро ба сифати зан-модар – олиҳаи меҳру вафо, ишқу муҳаббат, садоқату самимият сарбаландона иҷро намоянд.

Муҳимтар аз ҳама, имрӯз зарур аст, ки занони мо ҳамқадами ҳаёт ва замон бошанд. Аз навигариҳои олам ва кашфиётҳои нави илму техника бехабар намонанд. Дар баробари забони модарӣ барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба хусус забонҳои англисӣ ва русӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Лозим меояд, ки занону духтарони мо ҳуқуқи конститутсионии худро донанд ва барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ саъю кӯшиш намуда, арзишҳои аслию асили маънавию миллӣ ва фарҳангии худро пос доранд ва ба онҳо эҳтиром гузоранд. 

Мо, имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар кишварамон занон дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.

6.JPG

Ба хусус, саҳми занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад. Меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, ки занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо – бонувони азизу арҷманди Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар кадоми Шумо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрўзӣ орзу менамоям!

Идатон муборак, бонувони азиз!


Возврат к списку