Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба пардохти ҷубронпулии пасандоздорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” шурӯъ намуд

Бойгонии ахбор
16.03.2017

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба пардохти ҷубронпулии пасандоздорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” шурӯъ намуд

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз санаи 16 марти соли 2017 пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашудаи ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” оғоз намуд.

Хизматрасонӣ ба пасандоздорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” дар шӯъбаҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” ва ба пасандоздорони ҶСК “Фононбонк” дар шӯъбаҳои ҶСК “Ориёнбонк” амалӣ карда мешавад.

Пардохти ҷубронпулии суғурта, ки андозаи он на бештар аз 17 500 сомонӣ мебошад аз рӯи мавқеи ҷойгиршавии пасандозҳо дар минтақаҳо, ҷуброн карда мешавад.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро, метавонед дар сомонаи Хазина www.idif.tj ё тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 дастрас намоед.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку