Ба ҶСП “Бонки Осиё” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
30.03.2017

Ба ҶСП “Бонки Осиё” иҷозатнома дода шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2017 (№ 17) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Бонки Осиё” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаҳои ҶСП БС “Конт” барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз 27 июли соли 2011 ва барои иҷрои амалиёти кассавӣ аз 11 январи соли 2012 бозхонд карда шуд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку