Ҳамкорӣ: Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI)

Бойгонии ахбор
24.04.2017

Ҳамкорӣ: Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI)

Имрӯз, 24 апрели соли 2017 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion-AFI) бо иштироки намояндагон аз 47 давлати дунё, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Rasm_1.JPG

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳори умед кард, ки натиҷаҳои чорабинии мазкур барои густариш ва тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар доираи Иттиҳоди дастрасии молиявӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар хотири иштирокдорони чорабинии мазкур таассуроти амиқ боқӣ хоҳад гузошт.

“Баргузории бомуваффақияти ҷаласаи мазкур барои чорабиниҳои минбаъдаи сатҳи баланди ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ заминаи воқеӣ гузошта, баҳри ба даст овардани таҷрибаи ғанӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва бонкдории мобилӣ имконияти васеъ фароҳам меорад”, - зикр намуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Rasm_7.JPG

Дар идомаи тантанаи кушодашавӣ Муовини Директори Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) ҷаноби Норберт Мумба ба сухан баромада, дар хусуси дастовардҳои Тоҷикистон дар самти дастрасии молиявӣ бо қабул шудани Қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва таҳияи Стратегияи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ барои солҳои 2017-2019 қайд карда гузашт. Мавсуф изҳор дошт, ки пешниҳод ва баррасии минбаъдаи Стратегияи мазкур дар байни кишварҳои узви Иттиҳод (AFI) барои расидан ба ҳадафҳо оид ба дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон дар доираи Эъломияи Майя мусоидат хоҳад кард.

Rasm_3.JPG

Сипас, Муовини Раиси Бонки марказии Нигерия ҷаноби Ҷозеф Атта, намояндаи Бонки марказии Филиппин ҷаноби Минард Моджика баромад намуда, ба иштирокчиёни ҷаласаҳои Гурӯҳҳои корӣ фаъолияти пурсамар таманно намуданд.

Иттиҳоди дастрасии молиявӣ (AFI) нахустин созмони ҷаҳонист, ки вазифаи шабакаи иттилоотиро барои бонкҳои марказӣ ва дигар институтҳои молиявӣ – танзимгарон дар кишварҳои дорои бозори молиявии тараққиёбанда иҷро менамояд. Фаъолияти Иттиҳод ба иштирокдорон барои дастрасии онҳо ба таҷриба ва иттилооти давлатҳои пешрафта дар масъалаи боло бурдани маърифати молиявӣ ва осон кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ имконияти хуб фароҳам меорад.

Rasm_4.JPG

Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ гардидааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо Иттиҳод Бонки миллии Тоҷикистон баҳри боло бурдани сатҳи дониш, малака ва имкониятҳои зиёд кардани дастрасии молиявӣ дар кишвар тавассути иштирок дар кори гурӯҳҳои кории гуногуни он чораҳои муассир меандешад. Фаъолияти ин гурӯҳҳои корӣ барои мубодилаи самараноки таҷриба ва боло бурдани сатҳи дониш дар соҳаи дастрасии молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, масъалаҳои таҳияи маълумоти оморӣ оид ба дастрасии молиявӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мусоидат хоҳад кард.

Ҳамасола ду маротиба аз ҷониби ташкилоти мазкур (AFI) бо навбат дар кишварҳои мухталифи аъзо ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои мазкур гузаронида мешавад.

Rasm_5.JPG

Дар асоси чунин муқаррарот ва мактуби расмии Иттиҳоди дастрасии молиявӣ (AFI) Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани ду ҷаласаи Гурӯҳи корӣ, аз ҷумла Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)- ро дар рӯзҳои 24-28 апрели соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар AFI шаш гурӯҳи кори фаъолият намуда, Бонки миллии Тоҷикистон ба панҷ Гурӯҳи кории AFI, аз ҷумла Гурӯҳи кории маблағгузории соҳибкории хурду миёна (SME Finance Working Group), Гурӯҳи кории густариши имконоти истеъмолкунанда ва идоракунии бозор (Consumer Empowerment and Market Conduct Working Group), Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group) ва Гурӯҳи кории хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (Digital Financial Servises Working Group) шомил мебошад.
Ҳадафи калидии AFI дар кишварҳои аъзо кӯмак намудан дар амалӣ гардидани сиёсати рушди дастрасии молиявӣ мебошад, ки қисматҳои (компонентҳо) асосии он – ин ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, бонкдории мобилӣ, агентҳои бонкӣ (Banking Agent) ва ғайра мебошанд.

Rasm_6.JPG

Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion-AFI) аввалин шабакаи иттилоотии ҷаҳонии бонкҳои марказӣ ва дигар ташкилотҳои танзими молиявии кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад, ки соли 2008 таъсис дода шудааст. Қароргоҳи Иттиҳоди мазкур дар шаҳри Куала-Лумпури Давлати Малайзия воқеъ гардида, зиёда аз 120 ташкилот аз 90 кишвари сайёра ба узвияти ин созмон шомил шудаанд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку