Кишварҳои узви Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мешаванд

Бойгонии ахбор
26.04.2017

Кишварҳои узви Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мешаванд

Дар рӯзи сеюми ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, ки аз 24 апрели соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон идома дорад, иштирокдорони ҷаласа дар ду гурӯҳ ба муаррифии таҷрибаи кишварҳои худ дар самти дастрасии молиявӣ ва баҳсу муколамаи масоили мазкур пардохтанд.

1_afi.JPG

Аз ҷумла, намояндагони кишварҳои Малайзия (Селина Меган Ли), Сенегал (Амар Сек), Нигерия (Марек Петер), Ҷенни Ромеро (Филиппин), Номсебо Надебе (Свазиланд) ва Макей Аому (Уганда) ба иштирокдорони ҷаласа дар бораи усулҳо ва таҷрибаи доир кардани назарсанҷиҳо оид ба дастрасии молиявӣ дар кишвари худ, ки бо инобат гирифтани хусусиятҳои хоси миллӣ ва фарҳангии аҳолии ин кишварҳо истифода шудааст, маълумот пешниҳод намуданд.

2_afi.JPG

Дар вақти муколама аз ҷониби иштирокдорон изҳор гардид, ки баъзе усулҳо ва таҷрибаи баргузории назарсанҷиҳо оид ба дастрасии молиявӣ дар ин кишварҳо бо назардошти хусусиятҳои хоси миллӣ ва фарҳангии дигар кишварҳо мувофиқ намеояд. Аз ҷониби дигар, дар баробари иштироки фаъолона дар баҳсу муколамаи мавзӯъҳо иштирокдорон баён доштанд, ки дар назарсанҷиҳои минбаъда аз таҷрибаҳои беҳтарин бо дарназардошти хусусиятҳои милливу фарҳангии аҳолии кишвари худ истифода хоҳанд бурд.

3_afi.JPG

Хотиррасон мекунем, ки дар рӯзи сеюми ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) ба иштирокдорони чорабинии мазкур дар ду гурӯҳ: “Омӯзиши стратегияи дастрасии молиявӣ” (Financial Inclusion Strategу) ва гурӯҳи “Омӯзиши маълумотҳои дастрасии молиявӣ” (Financial Inclusion Date) усулҳои гузаронидани назарсанҷиҳо ва омода намудани пурсишномаҳо барои давраи минбаъда маърӯза хонда шуда, зимни баррасии мавзӯъҳо тартиби омода намудани саволномаҳо, аҳамияти он дар таҳлили вазъи дастрасии молиявӣ барои муайян намудани мақоми ин ё он кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳҳои бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта муҳокима гардиданд.

4_afi.JPG

Қобили кайд аст, ки Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion) аввалин шабакаи иттилоотии ҷаҳонии бонкҳои марказӣ ва дигар ташкилотҳои танзими молиявии кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола ду маротиба аз ҷониби ташкилоти мазкур бо навбат дар кишварҳои мухталифи аъзо ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои мазкур гузаронида мешаванд.

5_afi.JPG

Қароргоҳи Иттиҳоди мазкур дар шаҳри Куала-Лумпури давлати Малайзия воқеъ гардида, зиёда аз 120 ташкилот аз 90 кишвари дунё ба узвияти ин созмон шомил мебошанд. Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ буда, дар доираи ҳамкорӣ бо AFI баҳри боло бурдани сатҳи дониш, малака ва имкониятҳои зиёд кардани дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон тамоми чораҳои лозимиро меандешад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку