Фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ қатъ гардиданд

Бойгонии ахбор
03.05.2017

Фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ қатъ гардиданд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ аз 1 майи соли 2017 дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва дархости ҶДММ ТҚХ “Асрина” ва ФҚХ “Армон” оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии номбурдаро қатъ гардонид.

Инчунин, бо қарорҳои дахлдори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2017 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6, 10, 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаҳои ҶСП ТАҚХ “Самар”, ҶСП ТАҚХ “Вориси замон”, ҶСП ТАҚХ “Амлок” ва ҶСП ТАҚХ «Нисор Фом» бозхонд карда шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ карда шуданд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку