Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2017, №33 дар асоси моддаҳои 6, 10, 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бинобар аз ҷониби ҶСП ТАҚХ «Дафтари молиявӣ” риоя нагардидани тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва саривақт иҷро накардани уҳдадориҳо, дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гардид ва аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ин хусус ба суд ариза пешниҳод карда шуд.
Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ