Дар доираи лоиҳаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва омӯзиши дугона (дуалӣ) 16-19 майи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ доир гашт. Машғулиятҳои мазкур барои кормандони бонкҳои тиҷоратӣ, ки бевосита дар самти маблағгузории соҳаи кишоварзӣ кор мебаранд, ташкил карда шудааст.
Ҳадаф аз ташкили семинарҳои мазкур шиносоӣ бо таҷрибаи маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар Олмон мебошад. Зимни машғулиятҳои омӯзишӣ иштирокдорон тарзи таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, таҳлили ҳисоботдиҳии молиявӣ ва хавфи эҳтимолии соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) коршиноси соҳа - машваратчӣ оид ба мизоҷони корпоративии Хазинаи амонатии шаҳри Ултсени Олмон ҷаноби Артур Клаузер даъват шудааст. Мавсуф ба намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ дар мисоли амалияи қарздиҳӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди соҳаи паррандапарварӣ барномаву маълумотҳои лозимиро пешниҳод намуд.
Қобили қайд аст, ки Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон пайваста барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ барномаҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ