Шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ

Бойгонии ахбор
23.05.2017

Шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллиро нисбати асъори хориҷӣ дар панҷ моҳи соли 2017 чунин шарҳ медиҳад.

Дар бозори дохилии асъор хариду фурӯши доллари ИМА, рубли русӣ ва ба ҳаҷми ночиз - евро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар се қисмати он (байнибонкӣ, дохилибонкӣ ва нақдӣ) дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.

Дар ҳамин давра дар ин бозор ба маблағи умумии мутаносиб ба 2’015,1 млн. доллари ИМА асъори хориҷӣ харидорӣ гашта, маблағи мутаносиби 2’258,6 млн. доллари ИМА асъори хориҷӣ фурӯхта шудааст.

Аз маблағи умумии харид 37,2 фоиз ба доллари ИМА, 61,3 фоиз ба рубли русӣ ва 1,5 фоизаш ба евро рост омада, аз ҳаҷми умумии фурӯш бошад, 56,7 фоиз ба доллари ИМА, 38,2 фоиз ба рубли русӣ ва 5,1 фоизаш ба евро рост меояд.

Дар баробари ин, қайд намудан зарур аст, ки аз ҳаҷми умумии асъори хориҷии харидоришуда танҳо 4,4 фоиз ва аз фурӯхташуда танҳо 8,7 фоизаш асъори хориҷии нақд буда, 95,6 фоизи харид ва 91,3 фоизи фурӯши асъори хориҷӣ дар шакли ғайринақдӣ сурат гирифтааст.

Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳиссаи асосии асъори хориҷӣ дар шакли ғайринақдӣ дар қисматҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор хариду фурӯш шуда, вазъи бозори дохилии асъор, тағйирёбии қурби пули миллӣ ва сатҳи таваррум бевосита аз фаъолияти муназзами ҳамин қисмҳо вобаста аст.

Ҳиссаи асосии талабот ба асъори хориҷӣ барои пардохти арзиши воридоти мол (кор ва хизматрасониҳо) дар ин ду қисмати бозор бо қурбҳои мубодилавӣ нисбатан устувор қонеъ гашта, ин ҳолат ба яке аз омилҳои ҳалкунандаи муътадил боқӣ мондани нархҳо (сатҳи таваррум) дар ин давра табдил ёфтааст.

Тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар ин давра ба дурнамои он мувофиқ буда, бо раванди коҳишёбии нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол беруни қурби нақдӣ фарқ мекунад.

Чунончи, қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 7,9 фоиз (дар соли 2016 - 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд бошад, 12,4 фоиз (дар соли 2016 - 5,4 фоиз) баланд шудааст.

Фарқияти аз 2 фоиз зиёд набудаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ муҳимтарин нишондиҳандаи вазъи он буда, мавҷуд будани реҷаи қурби ягонаи пули миллӣ нисбати асъори хориҷиро тасдиқ менамояд. Риояи меъёри мазкур ҳамчун нишондиҳандаи ҳатмии назоратии иҷрои талаботи барномаҳои маблағгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ маҳсуб мешавад.

Мутаассифона, дар ҳамин давраи соли 2017 зери таъсири омилҳои номусоиди берунӣ ва дохилӣ фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 4,5 фоиз (дар санаи 23.05.с.2017) баланд шуд.

Ҳолати мазкур ба аз нав ҷоннок гаштани фаъолияти бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, афзоиши ҳолатҳои ҳаннотӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ мусоидат намудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ислоҳи ин вазъи баамаломада, бо истифода аз тамоми воситаю имкониятҳо, маҷмӯи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ ва маъмурию назоратиро ҳамарӯза амалӣ карда истодааст. Аз он ҷумла, тавассути фурӯши қоғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ ва дигар чораҳои таъсиррасонӣ ҳаҷми пули дар муомилотбударо ба танзим дароварда, баландшавии аз эътидол беруни қурби доллари ИМА-и нақдро боз дошта, вазъи бозори дохилии асъорро муътадил гардонид.

Ба ин нигоҳ накарада, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурбҳои мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ, аз ҷумла дарёфти манбаъҳои нави дастрасӣ ба асъори хориҷӣ барои дастгирии пули миллӣ дар назар аст.

Айни замон зарур аст, ки минбаъд ба сифати қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА қимати миёнавазни қурбҳои миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ қабул карда шуда, он бо назардошти риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоиза ҳамгунсозӣ (унификатсия) карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза вазъиятро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ воситаю имкониятҳо ва захираҳои кофиро дорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода хоҳад кард.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку