Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор рушди ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуданд

Бойгонии ахбор
24.05.2017

Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор рушди ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуданд

23 майи соли 2017 Муовини Якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъорро таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс, ки бо мақсади анъанавии тавсиябахшӣ дар доираи моддаи IV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

IMF_vstrecha_1.JPG

Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи ҳамкорӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва татбиқи ислоҳоти сохтории низоми бонкӣ ҷиҳати беҳтар кардани вазъи низоми бонкӣ дар кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла оид ба вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои беруна ба он табодули назар намуданд. Масъалаи муҳайё намудани фазои мусоид барои солимгардонии низоми бонкии кишвар, батанзимдарории бонкҳои муаммодор, такмил додани заминаи ҳуқуқии танзим ва назорат, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молиявӣ мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.

IMF_vstrecha_2.JPG

Дар навбати худ ҷаноби Пол Росс барои рушди ҳамкориҳои судманди тарафайн ва татбиқи минбаъдаи барномаҳои самарабахш ҷиҳати мусоидат ва дастгирӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ислоҳот дар низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд.

Дар мулоқоти корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҷидӣ Юсуф, Муовини якуми Вазири молияи ҶТ Каримзода Ҷамшед, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи Байналмилалии Асъор Илҳом Раҷабов ширкат варзида, оид ба дурнамои ҳамкорӣ ва татбиқи барномаҳои минбаъда ибрози назар намуданд.

IMF_vstrecha_3.JPG

Дар ҷамъбасти мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳ ва натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва барои дастгирии доимӣ ба Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор миннатдорӣ баён намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ баҳри рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии кишвар изҳори омодагӣ намуд. Аз ҷумла, Ҷамолиддин Нуралиев ҷиҳати ҳарчи зудтар вусъат бахшидани раванди баррасии барномаи нави Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Тоҷикистон ва ҳамоҳанг намудани шартҳои он баҳри татбиқи ислоҳотҳои самарабахш барои таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодиёт махсусан қайд намуд.

Боиси тазаккур аст, ки Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс дар Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳои корӣ дар доираи моддаи IV қарор дошта, ӯро дар ин сафар намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, сариқтисодчиёни ХБА Далматсио Бенитсио, Терри Бейл, Джангянг Ю. ва иқтисодчӣ Каролина Кастелланос ҳамроҳӣ мекунанд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку