БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Шуъбаи матбуот
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
• малакаи хуби кор дар компютер;
• маҳорати хуби суратгирӣ ва наворбардорӣ, таҷрибаи хуби кор бо дастгоҳи аккосӣ;
• маҳорати таҳия намудани хабару мақолаҳо;
• малакаи кор дар таҳияи сомона ва қобилияти тарроҳӣ (веб-дизайн);
• доштани таҷрибаи корӣ бо барномаҳои Microsoft Office ва Бритикс;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
• доштани таҷрибаи корӣ дар самти марбута на камтар аз 3 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
• Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 28.06 с.2017