БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
I
Идораи омор ва тавозуни пардохт
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
• маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграмаҳо;
• малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point)-ҳатмӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад.
II
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи омор (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграмаҳо;
• малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point)-ҳатмӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
• Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 05.07 с.2017