28 июли соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани сертификатҳо ба иштирокдорони омӯзишҳои дуалӣ баргузор гардид, ки дар доираи ҳамкории шарикии Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Sparkassenstiftung für internationale Kooperation) амалӣ мегардад.
Омӯзиши дуалӣ якчанд барномаи модулиро дар бар гирифта, дар қисмати ҷамъбастии омӯзиш, ки рӯзҳои 26-28 июли соли равон баргузор гардид, аз иштирокдорони омӯзиши дуалӣ дар мавзӯъҳои асосҳои иқтисодиёт, амонатгузорӣ, гирифтани қарз, амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ, ҳисобдорӣ, ҳуқуқ, кушодани суратҳисобҳо, суратҳисобҳои амонатӣ, интиқоли маблағҳо, тарзи муносибат бо мизоҷон ва дигар масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ дар шакли тестӣ ва шифоҳӣ имтиҳон гирифта шуд.
Зимни омӯзиш ва санҷиши маълумотҳои аз бар кардашуда иштирокдорон шавқу рағбати зиёд нишон дода, дар супоридани имтиҳонҳо низ ниҳоят фаъол буданд. Дар натиҷа, аз 44 нафар иштирокчии даври шашуми барнома 21 нафар иштирокдори омӯзиш шаҳодатнома бо баҳои аъло, 21 нафар шаҳодатнома бо баҳои хуб ва ду нафар шаҳодатномаи иштирокчии омӯзиши дуалиро соҳиб гаштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва омӯзиши дугона (дуалӣ) аз 1 декабри соли 2016 то 28 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври шашуми машғулиятҳои омӯзишӣ доир гашт. Машғулиятҳои мазкур дар маркази таълимии БМТ гузаронида шуда, дар азхудкунии донишҳои молиявӣ 44 нафар мутахассисони низоми бонкӣ аз 14 ташкилоти қарзии кишвар фаро гирифта шуданд.
Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон пайваста барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ барномаҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.
Шуъбаи матбуоти БМТ