Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо ХБА баррасӣ гардиданд

Бойгонии ахбор
18.08.2017

Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо ХБА баррасӣ гардиданд

17 августи соли равон дар мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Филлип Бартоломей масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши молия ва пешниҳоди кӯмаки техникии ХБА дар самти пурзӯр намудани назорати бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, иқтисодчии Хазинаи Байналмилалии Асъор Эдвард Нолан, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев ва дигар роҳбарони воҳидҳои дахлдори БМТ иштирок доштанд.

M_1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар оғоз иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъорро бо вазъи кунунии низоми бонкии ҷумҳурӣ, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон шинос намуд. Зикр гардид, ки мушкили асосӣ дар низоми бонкӣ сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол, ҷой доштани мушкилиҳои пардохтпазирӣ ва суст будани раванди идоракунии корпоративӣ дар бархе аз ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, рафъи он ба манфиати тамоми низоми бонкии ҷумҳурӣ хоҳад буд. Дар робита ба ин, зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт дар доираи кӯмаки техникӣ ба ҷалби мушовирон ниёз дорад.

Дар навбати худ, Филлип Бартоломей изҳор намуд, ки дар ХБА вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҳлил мешавад ва ӯ ҳамчун мутахассиси ин ниҳоди молиявӣ ба натиҷаҳои мусбати ислоҳот дар ин самт бовар дорад.

M_2.JPG

Иқтисодчии аршади ХБА зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои ташрифи ҳайати мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон - муаррифии мушовири дарозмуҳлати ХБА дар самти назорати бонкӣ Эдвард Нолан мебошад. Қайд гардид, ки Эдвард Нолан ҳамчун яке аз мутахассисони варзида дар бахши назорати бонкӣ, идоракунии корпоративӣ ва идоракунии хавфи қарзӣ, таҷрибаи ғании корӣ дар таҷдиди бонкҳои марказии як қатор кишварҳо, аз ҷумла, Венгрия, Словакия ва Косоваро дошта, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати як сол бо мақсади такмили мақоми танзим ва назорати бонкии кишвар дар се самт - таҳлили фаъолияти бонкӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо, санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва назорати маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун мушовир фаъолият хоҳад намуд.

Дар рафти мулоқот инчунин дигар масъалаҳои муҳим ва паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку