БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
21.08.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи муносибатҳои байналмилалӣ

I
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

• Маълумоти олӣ иқтисодӣ ё молиявӣ;
• Донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ;
• Доштани маълумоти кофӣ оид ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
• Доштани маълумот оид ба қарзҳои байналмилалӣ, грантҳо, кӯмакҳои техникӣ ва ғайраҳо;
• Маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
• Малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• Дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• Малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, Excel, Power point);
• Донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
• Доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявӣ на камтар аз 2 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка);
• маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
• нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо дар нишони зерин қабул карда мешавад:

• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 04.09 с.2017


Возврат к списку