Баррасии таҳкими мақом ва ҳуқуқи занон дар БМТ

Бойгонии ахбор
24.08.2017

Баррасии таҳкими мақом ва ҳуқуқи занон дар БМТ

23 августи соли равон бо иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Марҳабо бахшида ба мавзӯи “Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ҷаласа баргузор гардид.

Муовини раиси БМТ Салимова Л бо суханронӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки имрӯз давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин тадбирҳоро зина ба зина мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ менамояд.

Zanho_2.JPG

- Мо имрӯз ифтихор дорем, ки дар кишварамон занҳо дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳо ба фаъолияти пурсамар машғул буда, дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Агар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем, теъдоди занону духтарон дар Бонки миллии Тоҷикистон 254 нафарро ташкил дода, 34 нафари онҳо дар зинаҳои роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ фаъолият менамоянд, ки ин ҳоло натиҷаи ниҳоӣ нест. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, - изҳор дошт Лола Салимова.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Латифзода Марҳабо дар навбати худ дар мавзӯи “Сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.

Zanho_1.JPG

Номбурда дар баромади худ таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба чанд масъала, аз ҷумла мустаҳкам намудани механизмҳои миллӣ дар самти дастгирии занон, ташаккули заминаҳои қонунгузорӣ дар самти таъмини баробарии ҳуқуқҳои занон ва мардон, таҳия ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ дар самтҳои ҳимояи ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар ҳафтодумин Иҷлосияи СММ дар маҳви сартосарии ҳама намудҳои камбизоатӣ, гуруснагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ғизои солим ва рушди кишоварзӣ, дастрасӣ ба баробарии гендерӣ ва тавонсозии гендерӣ, ташаккул ва рушди омори гендерӣ, зан ва тандурустӣ, зан ва маориф, қоидаҳои қабули донишҷӯён ба макотиби олии кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ, тадбирҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра ҷалб намуд.

Зимни муҳокимаронии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гашт, ки аҳли нишаст, хусусан занону модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷумла, роҳ надодан ба тақлидкории бонувон ба фарҳангу либоспӯшиҳои бегона ва пешгирии майли ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, насли ҷавонро дар рӯҳияи муносибати хубу ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати аъзоёни оила бояд тарбия намоянд.

Иштирокдорони чорабинӣ зимни муҳокимаронии дигар масъалаҳо низ фаъолона ширкат намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку