Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мутахассиси Департаменти сиёсати монетарӣ ва бозори сармояи Хазинаи Байналмилалии Асъор Эдвард Нолан дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳоди кӯмаки техникӣ аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ гардида, тибқи лоиҳа Эдвард Нолан дар Бонки миллии Тоҷикистон тӯли як сол ба ҳайси мушовири маҳаллӣ дар самти тақвияти имкониятҳои назорати бонкӣ кор хоҳад кард.
Таъин гаштани Эдвард Нолан ба ин вазифа як бахши татбиқи рушди имконот ва пешниҳоди кӯмаки техникии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи узвияти кишварҳо ба ин созмони молиявӣ мебошад.
Номбурда бо мақсади тақвият додани имкониятҳои соҳаи танзиму назорати бонкӣ дар се бахш – пешниҳоди ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ, таҳлили молиявӣ ва назорати маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун мушовир бо дастаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият хоҳад намуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ