07.11.2017
БМТ: Озмун эълон менамояд
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони
хизматрасониҳои молиявӣ
I
Мутахассиси пешбари шуъбаи танзим ва методология (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ - ҳуқуқшиносӣ;
- дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- доштани маълумоти кофӣ оид ба соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- дониши кофӣ оиди кори бонкӣ, молия ва суғурта;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалиятнок мебошад);
- на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).
Малакаҳои иловагӣ:
- тафаккури эҷодӣ, малакаҳои илмӣ – таҳлилгарӣ ва таҳияи мукотиботи хаттӣ;
- қобилияти хуби таҳлилӣ;
- малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
- қобилияти возеҳ баён намудани фикру ақидаи худ, ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ;
- мулоҳизакорӣ, ботаҳаммулӣ ва мушоҳидакорӣ;
- қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.
II
Мутахассиси шуъбаи танзим ва методология (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ - иқтисодӣ/молиявӣ;
- дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- дониши кофӣ оиди кори бонкӣ, молиявӣ ва суғурта;
- дониши кофии қонунгузории ҷории бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- озодона кор бурдан бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).
Малакаҳои иловагӣ:
- қобилияти хуби таҳлилӣ;
- тафаккури эҷодӣ;
- малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
- қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.
III
Сармутахассиси шуъбаи баррасии муроҷиатҳо ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ - иқтисодӣ;
- дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- донистани кори бонкӣ ва суғурта;
- донистани қонунгузории ҷории бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- доштани таҷрибаи корӣ дар самти баррасии муроҷиатҳо (бурдани омор ва қайди тамоми намуди муроҷиатҳо, андешидани чораҳои зарурӣ, ҳамоҳангсозии муроҷиатҳо ва ғ.) афзалият дорад;
- малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
- малакаи хуби кор бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
- ба таври озод донистани забони давлатӣ, русӣ (нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).
Малакаҳои иловагӣ:
- тафаккури эҷодӣ;
- устуворӣ дар ҳолати стресс;
- қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.
IV
Мутахассиси пешбари шуъбаи баррасии муроҷиатҳо ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ - иқтисодӣ;
- дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- донистани кори бонкӣ ва суғурта;
- донистани қонунгузории ҷории бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- доштани таҷрибаи корӣ дар самти баррасии муроҷиатҳо (бурдани омор ва қайди тамоми намуди муроҷиатҳо, андешидани чораҳои зарурӣ, ҳамоҳангсозии муроҷиатҳо ва ғ.) афзалият дорад;
- малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
- малакаи хуби кор бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
- ба таври озод донистани забони давлатӣ, русӣ (нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).
Малакаҳои иловагӣ:
- тафаккури эҷодӣ;
- устуворӣ дар ҳолати стресс;
- қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.
V
Мутахассиси шуъбаи саводнокии молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ - иқтисодӣ/рӯзноманигорӣ;
- дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- доштани таҷрибаи оид ба гузаронидани тренингҳо (доир ба масъалаҳои саводнокии молиявӣ афзалиятнок мебошад);
- малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
- қобилияти дар чорчӯбаи лоиҳаҳо фаъолият намудан;
- малакаи зарурии корӣ бо компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
- ба таври озод донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
- на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ (дар соҳаи PR).
Малакаҳои иловагӣ:
- тафаккури эҷодӣ;
- устуворӣ дар ҳолати стресс;
- қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот -
тел: 600-32-32; 600-31-38
• Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то
20.11 с.2017