Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Русия (Росфинмониторинг) ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявӣ (МУМЦФМ) ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мабағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ ба роҳ мондааст.
Айни замон, марҳилаи нави қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Русия барои солҳои 2018-2019 оғоз гардидааст. Қобили қайд аст, ки макотибҳои олии ин кишвар узви комилҳуқуқи Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки маълумоти иловагӣ оид ба масъалаҳои дохилшавӣ ва таҳсил дар Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ дар сомонаи https://mumcfm.ru/deatelnost/setevoj-institut-v-sfere-podft/postuplenie мавҷуд аст.
Ҳамзамон, довталабон маълумоти пурраро оид ба масъалаи дар боло зикршуда метавонанд дар буклети Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ дастрас намоянд.
Сетевой институт в сфере ПОД/ФТ
Департаменти мониторинги молиявӣ