Ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои рушди низоми пардохт

Бойгонии ахбор
20.02.2018

Ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои рушди низоми пардохт

Вусъат бахшидани ҳиссаи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили таъмини шаффофияти молиявӣ ва коҳиш додани ҳиссаи амалиётҳои иқтисодии пасипардагӣ аз вазифаҳои афзалиятноки ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯзаи рушди низоми пардохти миллӣ зиёд намудани дастрасӣ ба намудҳои гуногуни пардохт бо истифодаи кортҳои пардохтӣ вазифаҳои аввалиндараҷа баён мешавад.

nizom_1.JPG

Дар робита ба ин, бо супориши муовини аввали Сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳо Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба баррасии масъалаҳои рушди низоми пардохт ва афзудани ҳиссаи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилот таъсис дода шуд.

Санаи 16 феврали соли 2018 ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории мазкур таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л. Ҷ. доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти муосири ҳисобарбаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми пардохтҳои алоҳида, аз ҷумла, пардохти андоз, хизматрасониҳои давлатӣ, коммуналӣ ва дигар намудҳои пардохт муҳокима гардиданд.

nizom_2.JPG

Зимни ҷаласаи Гурӯҳи корӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани саҳми ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ чораву тадбирҳои мушаххас баён гардида, ҳамзамон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда оид ба ҳавасмандсозии субъектҳои хоҷагидор барои гузариш ба ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ пешниҳод карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку