Ташрифи ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷамъбасти сафари корӣ

Бойгонии ахбор
25.05.2018

Ташрифи ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷамъбасти сафари корӣ

23 майи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон машварати ҷамъбастии ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии раиси ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал бо Бахши иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Ёрдамчии Президенти ҶТ Солеҳзода Ашӯрбой, вазири молияи ҶТ Қаҳҳорзода Файзиддин, Раиси БМТ Нурмаҳмадзода Ҷамшед, муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, Раиси Агентии омори назди Президенти ҶТ Ҳасанзода Гулнора, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Давлатзода Нусратулло, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Убайдуллоев Амирҷон ва роҳбарияти вазорату идораҳои бахши иқтисод баргузор гардид.

563A1301-1.JPG

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки ташрифи ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои тарафайн миёни кишвари мо ва ХБА, дастгирии татбиқи ислоҳот дар бахши молия ва низоми бонкӣ, дар маҷмӯъ дигаргуниҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон иқдоми муҳим ба шумор меравад. Зикр гардид, ки ташрифи ҳайати ХБА ба Тоҷикистон ба сатҳи робитаҳои тарафайн такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Сипас, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба сухан баромада, барои фаъолияти пурмаҳсули ХБА дар Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ин ташкилот баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишвар изҳори миннатдорӣ намуд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки ҳайати ХБА бо роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал зимни сафари корӣ имкони хеле мусоид барои ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои калидии бахши иқтисод ва молия доштанд.

563A1178-2.JPG

Дар идома, хонум Падамжа Ханделвал бо шарҳи мухтасари вазъи иқтисодӣ баромад карда, оид ба дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла сатҳи таваррум, суръати рушди воқеии иқтисодиёт, вазъи низоми бонкӣ маълумоти мушаххас манзури Гурӯҳи иқтисодии мамлакат гардонид. Мавсуф оид ба сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сиёсати андозию буҷетӣ, вазъи қарзи берунаи кишвар, таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт, тадбирҳо ҷиҳати рушди босубот таҳлили мушаххас намуд.

Зимни машварати корӣ инчунин, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода оид ба таҳлили ХБА ибрози назар ва пешниҳодҳои худро ба таври мушаххас манзур намуданд.

563A1192-3.JPG

Дар охир, роҳбари ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, барои идома додани ҳамкорӣ бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои рушд изҳори омодагӣ намуд.

Ҷониби Тоҷикистон фаъолияти ҳайати Хазинаи байналмилалии асъорро дар кишвар ҷамъбаст ва баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли то 2030 дар ояндаи наздик барои қабули барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷониби ХБА изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

563A1254-4.JPG

Мавриди зикр аст, ки ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор аз санаи 12 то 23 майи соли 2018 бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, дар ҷараёни ташриф бо парлумони кишвар, вазорату мақомоти бахши иқтисодӣ, инчунин роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон машварату мулоқотҳои судманд гузаронданд. Дар сафари корӣ Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъорро иқтисодчиёни ХБА Бенисио Далмасио, Мирзаев Санан ва коршиноси ХБА Йохан Молин ҳамроҳӣ карданд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку